Сафири Тоҷикистон дар Русия нақши СҲШ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим донист

Сафири Тоҷикистон дар Русия Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода нақши СҲШ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим арзёбӣ кард.

Дар ин бора сафири Тоҷикистон дар Русия зимни мизи мудаввар бахшида ба татбиқи афзалиятҳои раёсати Қазоқистон дар СҲШ изҳор дошт.

Ҳамзамон сафир дар бораи рушди минбаъдаи ҳамкорӣ бо Созмони Ҳамкории Шанхай ба вежа таъсиси Маркази зиддимухаддиротии СҲШ дар Душанбе, ҳамкориҳои минбаъдаи давлатҳои аъзои СҲШ дар таъмини рақобати босамар, инчунин татбиқи пешниҳоди Тоҷикистон доир ба Стратегияи рушди иқтисодии минтақаи СҲШ то соли 2030 равона намуд.

Дар ҷараёни мизи мудаввар иштирокчиён доир ба масъалаҳои марбут ба дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкорӣ дар доираи СҲШ табодули афкор сурат гирифт.
Сафири Тоҷикистон дар Русия нақши СҲШ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим донист
Сафири Тоҷикистон дар Русия нақши СҲШ дар мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосир муҳим донист

Комментарии

Комментариев нет.