Мақомоти Хатлон 90,5 %-и маблағҳои буҷетиро ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардааст.

Ба иттилоии мақомоти вилояти Хатлон дар вилоят нақшаи андозҳо бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 102,5% таъмин гардида, ба буҷет 649,9 миллион сомонӣ маблағ ворид карда шудааст.

Манбаъ таъкид кардааст, ин нишондиҳанда нисбати нақша 15,9 миллион сомонӣ ва нисбати ҳамин давраи соли 2023-юм 107,5 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Ҳамзамон қайд карда шудааст, ки ба соҳаҳои буҷетии вилоят ва шаҳру ноҳияҳо 764,4 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шуда, 691,6 миллион сомонӣ ё ин, ки 90,5 %-и маблағҳои буҷетӣ ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона гардидааст.
Мақомоти Хатлон 90,5 %-и маблағҳои буҷетиро ба соҳаҳои иҷтимоӣ равона кардааст.

Комментарии

Комментариев нет.