Дар шаҳру навоҳии Суғд низоми барқрасонӣ аз 6 - 8 соати моҳҳои гузашта ба 18 соат боло бурда шудааст.

Сӯҳроб Отаев, яке аз сокинони деҳаи Обиборики ноҳияи Деваштич зимни суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки реҷаи нав се рӯз ба ин тараф амал мекунад.
“Ҳоло рӯзона пурра бо барқ таъмин ҳастем, вале шабона аз соати 23:00 то 05: 00 – и субҳ барқ қатъ мегардад”, - гуфт ӯ.
Як масъули ФҶСК “Шабакаҳои тақсимоти барқи шаҳри Истаравшан” низ ба мо гуфт, бо гарм шудани ҳарорати ҳаво имконияти барқрасонӣ бештар шудааст.
“Рӯзона пурра сокинон бо барқ таъмин ҳастанд. Мо кӯшиш мекунем, ки шабона ҳам барқ доимӣ шавад”,– гуфт, манбаъ.

Комментарии

Комментариев нет.