TikTok имкон дорад, дар Иттиҳоди Аврупо баста шавад.

Дар ин бора раиси Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Лейен изҳор дошт.
"Мо аниқ хатари TikTok-ро медонем... Ин истисно нест",- навиштааст Politico аз суханони ӯ.
Фон дер Лейен ёдовар шуд, ки ИА аввалин созмон дар ҷаҳон шуд, ки соли гузашта ба кормандони он аз насби шабакаи иҷтимоӣ дар телефонҳои корӣ манъ карда буд.
Қаблан Сенати ИМА лоиҳаи қонун дар бораи бастани эҳтимолии TikTok дар кишварро ба тасвиб расонд.

Комментарии

Комментариев нет.