Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 30 корхона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида шуда буд

Тавре “рӯзномаи Хатлон” хабар додааст, дар се моҳи аввали ҷанг ба минтақаҳои шарқии мамлакат 1360 корхонаи калонтарин кӯчонида шуд, ки 250 ададашон ба ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ дохил гардиданд.

Аз байни инҳо корхонаю заводҳои консерваи Одесса ва Феодосия, таҷҳизоти заводи пивобарории Новочеркаск, собунпазии Москваю Харков, фабрикаи шоҳибофии ба номи Шербакови шаҳри Маскав, фабрикаи ресандагии Люберск, фабрикаи бофандагии шаҳри Владимир, Балашиха ва ғайра, ки маҷмуан зиёда 30 адад иборат буданд, ба Тоҷикистон кӯчонида шуд.
Дар замони Ҷанги Бузурги Ватанӣ 30 корхона ба Ҷумҳурии Тоҷикистон кӯчонида шуда буд

Комментарии

Комментариев нет.