Яке аз рохбарони коммунист ва дусти Брежнев дар Покистон вафот кард.

Ориф Ҳасан Охундзода, пажӯҳишгари покистонӣ ба @Sputnik_Tajikistan хабар дод, ки тоҷики қавмӣ Мухтор Бочо, маъруф ба "Подшоҳ" дар синни 80-солагӣ даргузашт.
"Ӯ як шахсияти муҳим дар равобити коммунистони Покистон бо Маскав ва Тошканд буд. Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ду ҳизби нав таъсис дод, аммо Бочо ба ақидаҳои марксистӣ-ленинӣ содиқ монд",- гуфт манбаъ.

Комментарии

Комментариев нет.