Хонаводаи намуна
16 июл 2023

Тарбияти фарзандон бояд созгор бо нақши онҳо дар зиндагии ояндаашон бошад.

Писарон дар оянда нақши масъулиятпазирона ва духтарон нақши ҳамсаронаву модарона доранд.
Тарбияти фарзанди духтар душвору нозук аст
Тарбияти фарзанди духтар нисбат ба писар сахтиҳову нозукиҳои бештаре дорад, ба ҳамин сабаб дар аҳодис савоби тарбияи духтарон аз писарон бештар аст. Агар шумо дар бораи тарбияи духтаратон нигарон бошед, бо мо ҳамроҳ шавед.
Навозиш кунед
Тарбияти фарзандон бояд созгор бо нақши онҳо дар зиндагии ояндаашон бошад. Писарон дар оянда нақши масъулият пазирона ва духтарон нақши ҳамсаронаву модарона доранд.
Дар таълимоти исломӣ гуфта шудааст, ки агар духтар афтад, дасти ӯро бигиру баланд кун ва либосашро таконда навозишаш намо, аммо агар писар афтад, бигузоред худаш бархезад.
Ӯро ғарқи муҳаббат кунед
Духтар дар оянда маркази меҳру мухаббати оила хохад шуд. Агар бетавваҷӯҳ ва бидуни меҳру муҳаббат тарбия шавад фардо дар нақши модарӣ наметавонад меҳру муҳаббат нишон диҳад ҳатто дар шухӣ кардан ё садозаданҳо ҳам муроқиби руҳияи шиканандаи духтарон бошед. Дар ҳадиси Паёмбар (с) омадааст, ки духтар мисли шохаи райҳон зебо, нарм ва хушбӯ аст.
Подош ба хотири духтардорӣ
Дар арзишҳои инсонӣ байни духтару писар фарқ қоил нашавед. Фарзандатонро эҳтиром кунед чи духтар бошад чи писар. Ҳеҷ фарқияте байни духтару писар дар арзишҳои инсонӣ нест балки ҳатто масъулияти ухравии фарзанди писар ҳам бештар аст.
Паёмбари Акрам (с) мефармоянд:
Писарон неъматанду духтарон ҳасана (хубӣ); Худованд аз неъматҳо мепурсаду барои доштани ҳасана подош медиҳад.
https://www.khonavoda.com/?p=26757

Комментарии

Комментариев нет.