Хонаводаи намуна
20 авг 2023

Чаро дӯст доштани ҳамсар зарурӣ аст?

Чаро ҳамеша дар ин маврид суҳбат мешавад? Посух равшан аст чун дӯст доштани ҳамсар яъне дӯст доштани зиндагӣ. Хонавода ба унвони аввалин ва кучактарин воҳиди иҷтимоӣ нақшии асосӣ дар тавлиди фарҳанг, интиқол ва парвариши он дорад. Усулҳои хонавода бо пайванди як зану мард оғоз мешавад. Ин пайванд фақат ба иртиботи отифӣ ва расидан ба хостаҳои шахсӣ хатм намешавад, балки нақши интиқолдиҳандаи қавонин, мушкилҳо ва фарҳангро ҳам бар уҳда дорад. Бо хонаводаи солим, асоси ҷомеа шакл мегирад, пас хонавода нақши фаротар аз ҳамзистии мусоламатомези ду нафарро дар бар дорад. Хонаводае метавонад рукни як ҷомеаи ормонӣ бошад, ки худ комилу наздик ба идаолҳои ҷомеа бошад.
Ҳар касе орзӯ дорад бо шахсе издивоҷ кунад, ки бо ӯ ҳамсу ва ҳамоҳанг бошад. Касе, ки бо ӯ шодиҳои муштарак дошта бошад. Касе, ки ҳангоми ғам, ғамхору дар замони танҳоӣ мӯниси ӯ бошад. Ба ростӣ бағайр аз ҳамсар чӣ касе маҳрами пайдо ва ниҳони мо аст? Албата, ки ҳамсар. Ба шарти инки ҳар ду бо равиши ҳамсардорӣ ошно бошем. Ҳар ду ду тан дар як рӯҳ бошем. Дӯст доштани ҳамсар яъне доштани як зиндагии бо созиш. Дӯст доштани ҳамсар яъне зиндагӣ бо оромиш. Ин тафоҳуму оромиш чигуна ба вуҷуд меояд? Чигуна ба ҳамсари худ эътимод кунем ва эътимоди ӯро ҷалб кунем? Чигуна метавонем бо ибрози ишқу муҳаббат зиндагӣ кунем? Ишқ то чӣ ҳад дар хушбахтии мо нақш дорад?
Ишқу алоқаи мутақобил
Саволҳои зиёде дар мавриди зиндагии муштарак матраҳ аст. Шояд расидан ба посух битавонад ба мо кумак кунад. Кумак кунад бо хаёли осуда пушти панҷараи хушбахтӣ бинишинему ба ояндаи равшани зиндагӣ нигоҳ кунем. Ба ин саволҳо ҳар кас баста ба навъи нигоҳаш ба зиндагӣ посух медиҳад. Сад албата посух ба ин саволҳо ба хусусиёти фардӣ низ вобастааст. Дӯст доштани ҳамсар аз назари равоншиносӣ ба инсон эҳсоси амнияти руҳӣ мебахшад. Аз тарафи ин ҳисси хуб сабаби нишот ва ҷавонӣ мешавад. Ҳамсар яке аз аркони муҳимми зиндагӣ аст. Бар ин асос ҳамсар сангбинои хонавода дониста мешавад. Рафтори волидон нисбат ба ҳамсар дар тарбият ва саломати рӯҳӣ ва равонии кӯдакон таъсири ба бисёре дорад. Пешрафту муваффақияти хонавода бастагӣ ба ишқу алоқаи мутақобили зану шавҳар дорад. https://www.khonavoda.com/?p=26851

Комментарии

Комментариев нет.