Хонаводаи намуна
20 авг 2023

Ҳамеша дар дуоҳоямон аз Худованд мехоҳем, ки ба худамон ва фарзандонамон тавфиқи намоз хондан бидиҳад, дар ин матн бо роҳҳои ҳавасманд кардани фарзанд ба намоз ошно мешавем.

Манзура аз солҳо пеш қабл аз инки писараш ба балоғат бирасад, ҳамеша дар дуоҳояш аз Худованд талаб мекард, ки фарзандонаш ҳавасманд ба хондани намоз бошанд. Ҳануз як сол ба сини балоғати писараш боқӣ монда буд ва Манзура талош мекард, ки фарзандашро бо намоз бештар ошно созад, албата Раҳим ҳам мехост, ки намозҳои панҷвақтаро бихонад, аммо ҳануз барои намози бомдод сахташ буд аз хоб хезад, борҳо ба модараш мегӯфт: очаҷон! маро барои намози бомдод бедор кун! Манзура барои инки писараш нисбат ба намоз хондан дилсард нашавад, дилаш намешуд фарзандашро барои намози бомдод бедор кунад то инки як рӯз пеш аз азони бомдод ба оромӣ Раҳимро аз хоб бедор кард.
Вақте Раҳим ҷойнамозро паҳн кард, Манзура бо нигоҳ ба қаду болои писари 12 солааш, дар дилаш ҳазорон бор ба ӯ изҳори маҳаббат карду гуфт: азизам! мехоҳам намозамро бо ту ба ҷамоат бихонам! Раҳим қомат гуфта пас аз ният Аллоҳу Акбар гуфт. Вақте намоз тамом шуд, Манзура дид, ки чашмони Раҳим пур аз ашк аст, Раҳим модарашро дар оғӯш гирифта ба модараш гуфт: ташаккур, ки маро мард дидӣ, ташаккур, ки ба ман қадру қимат додӣ, ман хушбахттарин фарзанди рӯи замин ҳастам, аз инки туро дорам хело хушбахт ҳастам.
Намозро ин гӯна барои кӯдаконамон ҳавасманд созем
Ҳоло мо волидон чӣ тавр метавонем кӯдакамонро аз ҳамон кӯдакӣ намозхон кунем, ба гӯнае, ки ишқу маҳаббаташ ба намоз дар вуҷуди ӯ реша кунад? Чигуна дуои қуръоние, ки дар ояти 40 сураи Иброҳим омадаастро ҷомаи амал пӯшонем?
رَبِّ اجْعَلْنِي مُقِيمَ الصَّلَاةِ وَمِنْ ذُرِّيَّتِي رَبَّنَا وَتَقَبَّلْ دُعَاءِ
Тарҷума: “Парвардигоро! Ман ва фарзандонамро барподорандаи намоз қарор деҳ; ва Парвардигори мо! Дуоямро бипазир.” https://www.khonavoda.com/?p=26847

Комментарии

Комментариев нет.