3 дек 2023

То 10 соли дигар ҳам наметавонед Ҳамосро нобуд созед

Эмануел Макрон, раисҷумҳури Фаронса нисбат ба тарҳи Исроил барои нобудии комили Ҳамос ҳушдор дод.
Ба гузориши ТоҷикПресс, Макрон рӯзи гузашта дар ҳошияи бисту ҳаштумин нишасти Обу ҳавоии Созмони Милали Муттаҳид дар Дубай ба режими саҳюнистӣ ҳушдор дод, ки нобудии комили Ҳамос мунҷар ба 10 сол ҷанг хоҳад шуд.
Макрон дар ин хусус тавзеҳ дод: “Нобудии комили Ҳамос, ин яъне чӣ? Оё касе онро имкон пазир медонад? Агар интавр аст, ҷанг 10-сол замон хоҳад бурд ва фикр намекунам касе бидонад читавр ин ҳадафро таъриф кунад.
Раисҷумҳури Фаронса ба шиддат дар хусуси аз саргирии хушунатҳо дар Ғазза ибрози нигаронӣ ва баён кард, ки вай барои кумак ба шаклгирии як вақфаи ҷадид дар ҷанг пеш аз дастёбӣ ба оташбаси доим ба Қатар сафар мекунад.
Вай дар идома таъкид кард, ки шароити феълӣ афзоиши талошҳо барои расидан ба як оташбаси пойдору озодии тамоми усароро илзомӣ кардааст.
Оташбаси муваққати як ҳафтаӣ байни неруҳои муқовимати Фаластин ва режими саҳюнистӣ рӯзи ҷумъа пойдор намонду миёнҷиҳо қодир ба тамдиди вақфа дар ҷанг набуданд. https://tajikpress.com/2023/12/03/%d1%82%d0%be-10-%d1%81%d0%be%d0%bb%d0%b8-%d0%b4%d0%b8%d0%b3%d0%b0%d1%80-%d2%b3%d0%b0%d0%bc-%d0%bd%d0%b0%d0%bc%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%bd%d0%b5%d0%b4-%d2%b3%d0%b0%d0%bc%d0%be%d1%81/

Комментарии

Комментариев нет.