8 апр

Haaretz: Ин масъалаи зиндагиву марг аст, ҷанг бояд хотима ёбад

Як расонаи ибризабон дар сояи шикасти режими ишғолгари Исроил дар муқобили муқовимати Фаластин, хостори таваққуфи ҷанг дар Навори Ғазза ва барканории нахуствазири режим саҳюнистӣ шуд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, рӯзнома Ҳааретс (Haaretz) дар сармақолаи худ навишт: Беняин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил масъули аслии ҳузури 133 исроилӣ дар асорат ба муддати шаш моҳ аст.
Ин рӯзнома гузориш дод: Нетаняҳу бо сиёсатҳои номуваффақи худ дар ибтидо иҷозаи боздошти онҳоро дода ва бо тафовутии худ аз ҳафтуми октябр то кунун далели мондани онҳо дар асорат будааст. Ин масъала ниёзи мубрам ба тағйири вайро нишон медиҳад.
Ҳааретс дар идома овардааст: Нетаняҳу танҳо забони қудрати сиёсиро мефаҳмад имрӯз касоне, ки бар ӯ қудрати сиёсӣ эъмол мекунанд, танҳо ифротиҳои ростгаро ҳастанд, ки ҳатто ба қимати ҷони асирон барои идомаи ҷанг фишор меоваранд.
Ин рӯзнома аз сокинони сарзаминҳои ишғолӣ хост то бо хонаводаҳои асирон ҳамроҳ шаванд ва ба кабина эълом кунанд, ки иҷозаи эъмоли протокол “Ҳанибал” алайҳи 133 асир дар Навори Ғаззаро надорад.
Дастуруламали Ҳанибал ё протоколи Ҳанибал номи як равияи баҳс барангезест, ки тавассути неруҳои низомии режими саҳюнистӣ барои ҷилавгирӣ аз дастгирии сарбозони саҳюнистӣ тавассути неруҳои “душман” истифода мешавад. https://tajikpress.com/.../haaretz-%d0%b8%d0%bd-%d0%bc.../

Комментарии

Комментариев нет.