9 апр

Чароии нотавонии ҷомеаи ҷаҳонӣ барои тавақуфи наслкуши режими саҳюнистӣ дар Ғазза

Нотавонии ҷомеъаи ҷаҳонӣ барои мутавақиф кардани мошини наслкушии режими саҳюнистӣ дар Борикаи Ғазза бо интиқодҳои густардае мувоҷҷеҳ шуд.
Наслкушии режими саҳюнистӣ алайҳи Ғазза вориди ҳафтумин моҳ шудааст. Токунун беш аз 33 ҳазор фаластинӣ дар ин ҷиноёт шаҳид ва беш аз 75 ҳазор нафар низ маҷрӯҳ шуданд. Оятуллоҳи Систонӣ марҷаи олиии аксарияти миллати Ироқ аз нотавонии ҷаҳониён дар мутавақиф карадани ҷиноёт ва таҷовузони мустамари режими саҳюнистӣ алайҳи мардуми навори Ғазза ибрози таъасуф кард. Аҳмад Ал-Тайиб Шайх Алзаҳр ҳам бо интиқод аз бетаваҷҷӯҳии ҷомеъаи байналмилалӣ нисбат ба ҷиноёте, ки ишғолгарони саҳюнист алайҳи мардуми Фаластин анҷом медиҳанд эълом кард, ончӣ мо дар Ғазза шоҳиди он ҳастем собит мекунад ҷаҳони муъоссири мо раҳбари оқилона ва хирадмандонаи худро аз даст додааст ва ҳамин амр ҷаҳонро ба самти партгоҳе мебарад, торих монанди онро ҳаргиз надидааст. https://tajikpress.com/2024/04/09/%d1%87%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%b8-%d0%bd%d0%be%d1%82%d0%b0%d0%b2%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d2%b7%d0%be%d0%bc%d0%b5%d0%b0%d0%b8-%d2%b7%d0%b0%d2%b3%d0%be%d0%bd%d3%a3-%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%be%d0%b8/

Комментарии

Комментариев нет.