12 апр

71 дарсад аз саҳюнистҳо хостори истеъфои Нетаняҳу шуданд

Бо гузашти беш аз 6 моҳ аз даври ҷадиди ҷиноёти режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ алайҳи фаластиниён, натоиҷи назарсанҷии расонаҳои саҳюнистӣ ҳикоят аз он дорад, ки 71 дарсад аз исроилиҳо хостори истеъфои Бенямин Нетаняҳу шуданд.
Ба гузориши шабакаи телевизионии “Кан” ва “Канали 12”- Исроил дар шашумин моҳ аз ҷиноёти режими саҳюнистӣ алайҳи Фаластиниён Ғазза натоиҷи назарсанҷиро мунташир кард, ки дар он 71 дарсад аз саҳюнистҳо хоҳони истеъфои нахуствазири режими саҳюнистӣ Бенямин Нетаняҳу шуданд.
Кан гузориш кард, ки 42 дарсад аз посухдиҳандагон таъкид доштанд, ки Нетаняҳу бояд фавран истеъфо кунад ва 29 дарсад аз ин 71 дарсад таъкид доштанд, ки Нетаняҳу бояд пас аз поёни ҷанги Ғазза аз симти худ ба унвони нахуствазири режими саҳюнистӣ канорагирӣ кунад ва танҳо 21 дарсад эътиқод доштанд, ки ниёзе ба истеъфои Нетаняҳу нест ва 8 дарсад аз посухдиҳандагон низ назари хоссе дар ин хусус надоштанд.
Аз тарафи дигар, 44 дарсад аз посухдиҳандагон таъкид доштанд, ки зарфи чанд моҳи оянда бояд интихобот баргузор шавад ва 22 дарсад бар ин бовар буданд, ки интихобот бояд зарфи соли оянда баргузор шавад ва 26 дарсад низ таъкид доштанд, ки интихобот бояд дар замони муқаррари худ яъне октябри 2026 баргзо шавад ва ҳашт дарсад низ назари хоссе надоштанд.
Тибқи назарсанҷии ин канали саҳюнистӣ 12, 50 дарсад аз саҳюнистҳо бар ин бовар буданд, ки бояд интихоботи зудҳангом баргзр шавад ва 41 дарсад мухолиф буданд ва 9 дарсад низ назари хоссе надоштанд.
Назарсанҷии Кан ҳамчунин нишон медиҳад, ки 45 дарсад аз посухдиҳандагон, Нетаняҳуро масъули рухдодҳои 6 моҳи ахир медонанд ва 35 дарсад раиси ситоди артиши режими саҳюнистӣ Ҳаретзи Ҳалавӣ ва Ронен Бар ва Шин Бетро муқассир медонанд ва танҳо се дарсад аз посухдиҳандагон, вазири ҷанги Исроил Ҷоао Галланро масъул медонанд. https://tajikpress.com/2024/04/12/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%93%d0%b0%d0%b7%d0%b7%d0%b0-%d0%bd%d0%b5%d1%82%d0%b0%d0%bd%d1%8f%d2%b3%d1%83/

Комментарии

Комментариев нет.