15 апр

Вокунишҳои байналмилалӣ ба ҳамлаи бесобиқаи Эрон ба Исроил

Дар интиқом аз ҳамлаи террористии Исроил ба консулгарии Эрон дар Димишқ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, бо ҳамроҳии артиш, ҳамалоти густурдаи паҳподӣ ва мушакӣ алайҳи исроилро оғоз кард, ки ин ҳуҷуми бесобиқа бо вокунишҳои мутааддиди байналмилалӣ ҳамроҳ шудааст.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Сипоҳи Посдорони Инқилоби Исломии Эрон, дар иттилоияе эълом кард, ки дар посух ба ҷиноятҳои мутааддиди режими саҳюнистӣ аз ҷумла ҳамла ба бахши консулии сафорати Эрон дар Димишқ ва ба шаҳодат расондани ҷамъе аз фармондаҳон ва мусташорони низомии ин кишвар дар Сурия, неруи ҳавофзои Сипоҳ аҳдофи муаяне дар дохили сарзаминҳои ишғолиро бо шиллики даҳҳо фарванд мушак ва паҳпод мавриди исобат қарор дод. Посухи густурдаи мушакӣ ва паҳподии Ҷумҳурии Исломии Эрон ба иқдомоти таҷовузгаронаи режими саҳюнистӣ бозтоби ҷаҳонӣ дошта ва ба титари нахусти тамоми расонаҳои дунё табдил шудааст.
Намояндагии Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Созмони Милал низ эълом кард: иқдоми низомии Эрон бар асоси банди 51 маншури Созмони Милали Муттаҳид дар хусуси дифои машрӯъ дар посух ба таҷовузоти режими саҳюнистӣ ба амокуни дипломатики кишвари Эрон дар Димишқ буд.
Истиқболи Ансоруллоҳи Яман аз амалиёти Эрон
Алӣ Ал-Қаҳум, узви дафтари сиёсии ҷунбиши Ансоруллоҳи Яман рӯзи якшанбе дар шабакаи иҷтимоии Х навишт: «Мо ба раҳбарӣ ва мардуми Эрон барои ин амалиёти бузург, роҳбурдӣ ва таърихӣ, ки назири он дар таърих вуҷуд надошт, табрик мегӯем».
Ин мақоми яманӣ навишта ҳамалоти Эрон, ки бо садҳо паҳпод ва мушакҳои баллистики пешрафта анҷом шуд, боиси эҷоди тарс, ваҳшат ва сардаргумӣ дар режими саҳюнистӣ шудааст.
Ӯ ин амалиётро «як вокуниши боздорндаи қудратманд» тавсиф кард, ки «дорои паёмҳои қудрат, мувозинаи боздорандагӣ ва тағйир дар муодилоти қавоиди даргирӣ ва мувозинаи қудрат» аст. https://tajikpress.com/2024/04/15/%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb-%d0%b1%d0%b0%d0%b9%d0%bd%d0%b0%d0%bb%d0%bc%d0%b8%d0%bb%d0%b0%d0%bb%d3%a3/

Комментарии

Комментариев нет.