23 апр

Пешравиҳои Русия дар Украина ҳамчунон идома дорад

Вазорати дифоъи Русия эълом кард, ки артиши ин кишвар контроли рустое дар наздики шаҳри Донетскро ба даст гирифтааст ва пешравиҳои Русия ҳамчунон идома дорад.
Ба гузориши манобеи хабарӣ, Русия рӯзи душанбе эълом кард, ки неруҳояш контроли рустои Новемихайловка дар 40 километрии ҷануби ғарбии шаҳри Донетски Украинаро ба даст гирифтаанд, ки дувумин пешравӣ дар 2 рӯзи ахир аст.
Ситоди кулли артиши Украина дар гузориши худ эълом кард, ки неруҳои ин кишвар ҳамчунон дар талош ҳастанд монеъи пешравии артиш Русия шаванд.
Вазорати дифоъи Русия дар баёниая эълом кард, ки неруҳои артиши ин кишвар мустақар дар ҷануб, Новемихайловкаро ба таври комил тасарруф кардаанд ва вазъияти токтикиро дар хатти муқаддам беҳбуд бахшидаанд.
Владимир Зеленский, раиси ҷмҳури Украина рӯзи якшанбе аз Вашингтон хост то ба суръат интиқоли бастаи кумакии Амрико ба Украина шитоб бахшид. Гуфта мешавад таслиҳоти дурбурд ва системаҳои дифоъи ҳавоӣ аввалавиятҳои аслии ин бастаи кумакӣ ҳастанд.
Керемл рӯзи душанбе гуфт, ки кумакҳои ҷадиди Амрико вазъиятро дар хатти муқаддам тағйир нахоҳад дод. https://tajikpress.com/2024/04/23/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-3/

Комментарии

Комментариев нет.