24 апр

Ҳамалоти мушакии сангини Ҳизбуллоҳи Лубнон ба Исроил

Расонаҳои ибрӣ забони Исроил ҳаҷми сангини ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнонро таъйид карданд ва онро ваҳшатнок тавсиф намуданд.
Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, расонаҳои ибрӣ забони Исроил дар гузорише ба ҳаҷми сангини ҳамалоти Ҳизбуллоҳи Лубнон пардохтаанд ва онро ваҳшатнок тавсиф намуданд.
Аз ҷумла рӯзномаи Haaretz дар гузориши худ перомуни ҳамлаи ахири Ҳизбуллоҳи Лубнон навиштааст, ки байни 10 то 15 гулӯла дар минтақаи Марглиот суқут кард ва боиси қатъи барқ дар шаҳрак шуд, аммо ҳеҷ ожири хатаре ба садо дарнаёмад.
Пеш аз ин, Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом карда буд, ки шаҳраки Марглиот дар шимоли Фаластини ишғолиро бо даҳҳо мушаки Катюша ҳадаф ҳамла қарор додааст.
Дар ҳамин иртибот муқовимати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон эълом кард, ки дар вокуниш ба куштори Ҳанин, шаҳраки «Марглиот» бо даҳҳо мушаки Катюша ҳадаф қарор гирифт.
Муқовимати исломии Ҳизбуллоҳи Лубнон ҳамчунин эълом кард, ки сарбозони душмани исроилӣ дар шаҳраки Ал-Манора дар сохтумоне, ки дар он мустақар буданд, ҳадаф гирифта шуданд.
Расонаҳои низомӣ дар муқовимати исломии Лубнон эълом кардаанд, ки то кунун 1998 амалиёт дар ҷабҳаҳои пуштибонии Лубнон, Яман ва Ироқ тайи 200 рӯз анҷом шудааст. https://tajikpress.com/2024/04/24/%d1%84%d0%b0%d0%bb%d0%b0%d1%81%d1%82%d0%b8%d0%bd-%d2%b3%d0%b8%d0%b7%d0%b1%d1%83%d0%bb%d0%bb%d0%be%d2%b3%d0%b8-%d0%bb%d1%83%d0%b1%d0%bd%d0%be%d0%bd-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be%d0%b8%d0%bb/

Комментарии

Комментариев нет.