1 мая

Гуфтугӯои пинҳонии Арабистон бо Исроил дар ҷараёни ҷанги Ғазза

Расонаҳои Исроил аз гуфтугӯҳои махфиёна байни Арабистони Саудӣ ва Исроил дар даврони ҷанги Ғазза хабар додаанд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, расонаҳои режими саҳюнистӣ аз гуфтугӯҳои пинҳонӣ байни Арабистон ва Исроил дар даврони ҷанги Ғазза хабар дода ва онро фош карданд.
Канали 12 режими саҳюнистӣ дар гузориши худ овардааст: “Дар ҷараёни ҷанги Ғазза, тамосҳои вижае ба сурати махфиёна барои оддисозии равобит ва ба имзо расонадни созишномаи таърихӣ байни Исроил бо Арабистони Саудӣ сурат гирифтааст.
Пештар “Middle East News” ба нақл аз як мақоми огоҳ, ҷузъиёти тавофуқи амниятӣ ва низомӣ ва сиёсии Амрико ва Арабистони Саудӣ ва режими саҳюнистиро, ки ба оддисозии равобити Риёз ва Тел-Авив хатм мешавад, фош кард.
Ба гуфтаи ин мақоми огоҳ, тавофуқи амниятии дипломотикии Амрико ва Арабистони Саудӣ ва Исроил ва ташкилоти худгардони Фаластин ба мароҳили ниҳоии худ расидааст ва давлати Амрико дар бораи он бо валиаҳди Арабистон ба тавофуқ расидааст.
Ба гуфтаи ин мақом, меҳвари дувуми тавофуқ тасҳили дастёбии Арабистон ба силоҳҳои пешрафтаи Амрикост.
Ҳамчунин дар меҳвари сеюм, ду кишвар дар бораи барномаи ҳастаии ғайринизомӣ бо назорати шадиде тавофуқ кардаанд, ки дар пайи он Арабистон метавонад аз манобеи ураниуми худ барои реакторҳои ҳастаӣ истифода кунад. https://tajikpress.com/2024/05/01/%d0%b3%d1%83%d1%84%d1%82%d1%83%d0%b3%d3%af%d0%be%d0%b8-%d0%bf%d0%b8%d0%bd%d2%b3%d0%be%d0%bd%d0%b8%d0%b8-%d0%b0%d1%80%d0%b0%d0%b1%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd-%d0%b1%d0%be-%d0%b8%d1%81%d1%80%d0%be/

Комментарии

Комментариев нет.