9 мая

Ҳалқаи оташ;

стратегияи нави муқовимат алайҳи режими саҳюнистӣ
Аъзои шабакаи меҳвари муқовимат бар асоси стратегияи “ваҳдати майдонҳо” марҳилаи ҷадиде аз иқдомот ва тангтар кардани ҳалқаи оташ алайҳии иқтисоди Исроилро дар дастури кори худ қарор додаанд.
Аъзои шабакаи меҳвари муқовимат бар асоси стратегияи “ваҳдати майдонҳо” марҳилаи ҷадиде аз иқдомот ва тангтар кардани ҳалқаи оташ алайҳии иқтисоди Исроилро дар дастури кори худ қарор додаанд.
Дар ҳоли ҳозир, аъзои шабакаи меҳвари муқовимат бар асоси стратегияи “ваҳдати майдонҳо” марҳалаи ҷадиде аз иқдомот ва тангтар кардани ҳалқаи оташ алайҳи иқтисоди Исроилро дар дастури кор худ қарор додаанд. Нуктаи калидӣ дар ҷараёни ин марҳала аз амалиёти муштараки гурӯҳҳои муқовимат алайҳи манофеи ражими саҳюнистӣ дар дохил ва хориҷ аз сарзаминҳои ишғолӣ, илова шудани муқовимати исломии Ироқ ва гурӯҳи Сароялқудс, Баҳрайн ба “ҳалқаи дувум” аст.
Ба иборати дигар аз ин пас ин гурӯҳҳо ба сурати мустақим манофеи саҳюнистҳоро дар умқи хоки Фаластини ишғолӣ ва муҳити перомуни он ҳадаф қарор медиҳанд. Давлати наҷоти миллии Яман низ расман бо интишори баёнияе аз оғози марҳалаи чаҳоруми амалиёти ҳимоят аз муқовимати Фаластин хабар дод. Бар ҳамин асос дар идомаи ин ёддошт саъй хоҳем кард, то ба ҷустуҷӯи стратегияи ҷадиди аъзои муқовимат алайҳи Исроил ва таъсири он бар музокироти Доха- Қоҳира бипардозем.
Бо оғози даври ҷадиди иқдомоти боздорандаи меҳвари муқовимат барои ҳимоят аз гурӯҳҳои фаластинии мустақар дар Навори Ғазза, ду амалиёти паҳподии гурӯҳи баҳрайнии Сароё Аштар ба аҳдофе дар бандари Илот бузургтарин шигифтона барои системаи амниятӣ- низомии Исроил буд. Ин гурӯҳ, ки пас аз хезиши мардуми Баҳрайн алайҳи Оли Халифа эълони мавҷудият кард, дар соли 2014 дар феҳристи гурӯҳҳои террористии кишварҳое монанди Амрико ва Канада қарор гирифт. https://tajikpress.com/2024/05/09/ҳалқаи-оташ-стратегияи-нави-муқовима/

Комментарии

Комментариев нет.