10 мая

Номаи Ғаффор Мирзоев ба Рустами Эмомалӣ

Ғаффор Мирзоев (Ғаффор Седой), яке аз фармондеҳони замони ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон ва аз ёрони пешини президент, бори дигар хоҳони бозбинии ҳукмаш шудааст.
Ӯро бист сол пеш дастгиру ба ҳабси якумрӣ маҳкум карданд. Худаш дар мулоқоти охир бо пайвандон гуфтааст, зуд-зуд бемор мешавад ва мехоҳад боқии умрро дар хона ва дар канори наздикон гузаронад. Ҳоло 68-сола аст.
Дархости генерали зиндонӣ барои бозбинии ҳукмаш ба воситаи наздикон ба мақомоти Тоҷикистон фиристода шудааст. Оиша Мирзоева, хоҳари Ғаффор Мирзоев, рӯзи 9-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, бо бародараш дар аввали ҳамин моҳ дар зиндон гап зад.
Оиша Мирзоева афзуд:
“Гуфт, ки чанд дафъа барои бозбинии парванда ва ҳукм ба Додситонӣ ва Додгоҳ нома навишт, аммо таваҷҷуҳ нашуд. Ҳоло ба раиси Маҷлиси Миллӣ Рустами Эмомалӣ нома навиштааст. Аз вазъи саломаташ шикоят кард. Пойҳояш варам кардаанд”.
Мақомоти Тоҷикистон то ин лаҳза барои шарҳи мавзуъ дастрас набуданд. Маълум нест, ки онҳо номаи генерали зиндониро дастрас кардаанд ё не.
Ҳуқуқдони тоҷик Бахтиёр Насруллоев мегӯяд, “мутобиқи қонунҳои Тоҷикистон, агар маҳбус давоми даҳ сол зиндон ҷиноят ё қонуншиканӣ накунад, метавонад барои бозбинии парвандааш муроҷиат кунад. Додгоҳи олӣ метавонад қазияро дубора ба баррасӣ гирад.”
Ғаффор Мирзоев дар гузашта ба Додситонии кул, Додгоҳи олӣ ва мақомоти дигари Тоҷикистон нома фиристода, дархости бозбинии парвандаашро карда буд. https://tajikpress.com/2024/05/10/%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d2%93%d0%b0%d1%84%d1%84%d0%be%d1%80-%d0%bc%d0%b8%d1%80%d0%b7%d0%be%d0%b5%d0%b2-%d0%b1%d0%b0-%d1%80%d1%83%d1%81%d1%82%d0%b0%d0%bc%d0%b8-%d1%8d%d0%bc%d0%be%d0%bc%d0%b0/

Комментарии

Комментариев нет.