12 мая

Кохи сафед аз амалиёти саҳюнистӣ ба Рафаҳ ҳимоят мекунад?

Режими саҳюнистӣ савдои ҳамлаи густардаеро ба Рафаҳ дар сар дорад ва дар ин байн ихтилофҳои сиёсӣ байни Амрико ва саҳюнистҳо афзоиш ёфтааст.
Ҷон Керби, сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Кохи сафед эълон кард: мо аз як амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ, ҳимоят намекунем ва равишҳои ҷойгузинро барои шикасти Ҳамос пешниҳод кардаем ва гуфтугӯ бо Исроил идома дорад.
Сухангӯ ва ҳамоҳангкунандаи иртибототи роҳбурдии Шӯрои амнияти миллии Амрико рӯзи панҷшанбе ба вақти маҳаллӣ дар ҷамъи хабарнигорон афзуд: раисҷумҳур ва тимаш чандин ҳафта аст, ки ба сароҳат гуфтаанд, ки мо аз як амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ, ҳимоят намекунем. Раисҷумҳур инро ошкоро гуфтааст, ва ин мавзуъро борҳо ва сареҳ ба Нетаняҳу эълон кардааст.
Керби тасреҳ кард: ҳар навъ амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ дар воқеъ мавзеи Ҳамосро дар мизи музокира тақвият мекунад, на Исроил. Мо равишҳои ҷойгузинеро барои шикасти Ҳамос пешниҳод кардем, ки шомили амалиёти заминии бузург дар Рафаҳ намешавад ва ин гуфтугӯҳо бо давлати Исроил идома дорад. https://tajikpress.com/2024/05/11/кохи-сафед-аз-амалиёти-саҳюнистӣ-ба-ра/

Комментарии

Комментариев нет.