12 мая

Ҳамлаи заминии Русия ба Харкови Украина

Вазорати дифои Украина аз пешравии як километрии артиши Русия дар дохили шаҳри Харков бо ҳадафи эҷоди минтақаи ҳоилӣ дар ин шаҳр хабар дод.
Ба гузориши хабаргузории “Ал-Маёдин”, вазорати дифои Украина муддаӣ шуд, ки Русия дар шаҳри Харков ба унвони дувумин шаҳри бузурги Украина ҳамлаи заминӣ анҷом додааст.
Хабаргузории Рейтер ҳам ба нақл аз як манбаъи аршади украинӣ гузориш дод, ки неруҳои Русия имрӯз ҷумъа як километр дар дохили хоки шаҳри Харков дар шарқи Украина пешравӣ кардаанд.
Ин манбаъи украинӣ афзуд, ки ҳадаф аз пешравии Русия, расидан ба фосилаи 10 километрӣ дар дохили Харков ба манзури эҷоди як минтақаи ҳоил аст.
Вазорати дифоъи Украина ҳам аз эъзоми неруҳои кумакӣ ба Семан Харков хабар дод ва муддаӣ шуд, ки ҳамалоти Русия то кунун дафъ шудааст ва набардҳо ҳамчунон идома дорад.
Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина ҳам дар нишасти хабарӣ дар Киев муддаӣ шуд, ки неруҳои украинӣ барои муқобила бо ин ҳамла омода будаанд, ҳар чанд мумкин аст, ки Русия неруҳои бештаре ба Харков эъзом кунад.
Фишори Русия бар Украина дар ҷабҳаи Харков аз моҳи марти гузашта ва пас аз онки Путин хоҳони эҷоди минтақаи ҳоил дар дохили хоки Украина бо ҳадафи муқобила бо ҳамалот ба дохили хоки Русия шуд, шиддат гирифтааст. https://tajikpress.com/2024/05/11/%d1%80%d1%83%d1%81%d0%b8%d1%8f-%d1%85%d0%b0%d1%80%d0%ba%d0%be%d0%b2%d0%b8-%d1%83%d0%ba%d1%80%d0%b0%d0%b8%d0%bd%d0%b0/

Комментарии

Комментариев нет.