12 мая

Аҳамияти марҳалаи дувуми интихобот камтар аз марҳалаи аввал нест

Раҳбари инқилоби исломии Эрон пас аз ҳузур дар марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ гуфтанд: Аҳамияти марҳалаи дувуми интихобот камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ маҷлисро такмил кунанд.
Ба гузориши пойгоҳи иттилоърасонии дафтари мақоми муаззами раҳбарӣ, ҳазрати оятуллоҳ Хоманаӣ, Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ субҳи рӯзи – ҷумъа дар аввалин дақоиқи оғози раъйгирии марҳалаи дувуми интихоботи дувоздаҳумин давраи Маҷлиси Шӯрои исломӣ дар Теҳрон, бо ҳузур дар ҳусайнияи имом Хумайнӣ (раҳ), дар ин давр аз интихобот, ки ба сурати электронӣ баргузор шуд, ширкат карданд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ баъд аз ширкат дар интихобот бо ишора ба тафовут надоштани марҳалаи аввалу дувуми интихобот, таъкид карданд: Аҳамияти марҳалаи дувум камтар аз марҳалаи аввал нест ва мардум бо ҳузури худ дар ин марҳала аз интихобот, маҷлисро такмил кунанд.
Раҳбари муаззами инқилоби исломӣ интихоботро нишонаи ҳузури мардум ва иродаву тасмимгирии онон донистанд ва гуфтанд: Вазифаи миллии ҳар фарди дӯстдори пешрафти кишвар ва наздик шудани он ба мақосиди бузург, ширкат дар интихобот аст. https://tajikpress.com/2024/05/11/%d1%80%d0%b0%d2%b3%d0%b1%d0%b0%d1%80%d0%b8-%d0%b8%d0%bd%d2%9b%d0%b8%d0%bb%d0%be%d0%b1%d0%b8-%d0%b8%d1%81%d0%bb%d0%be%d0%bc%d0%b8%d0%b8-%d1%8d%d1%80%d0%be%d0%bd/

Комментарии

  • 13 мая 10:44
    Иран – это не та страна, которой можно доверять, это собака Израиля и США, не верьте им.
  • 13 мая 18:35
    Думал все вокруг как и ты?