Тоҷикистон ва Амрико як ёддошти ҳамкорӣ дар заминаи роҳандозии низоми муқоиса ва арзёбии додаҳо ба манзури пайгирии ҳаракат ва ёфтани террористон имзо карданд.Ба гузориши ТоҷикПресс, ин ёддошт миёни Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар кишвар имзо шудааст.Сомонаи Прокуратураи генералии кишвар навишт; Ин системаи назоратӣ имкон медиҳад, ки ҳаракати террористон бо истифода аз назорати васеи технологӣ пайгирӣ карда, инчунин дар боздошти онҳо мусоидат намояд.Дар ин нишаст мавзӯъҳои марбут ба табодули иттилоот аз ҷумла таҳдидот алайҳи амнияти ду кишвар, ҳифозат аз ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо мазоҳири ифротгароии хушунатомез ва терроризм, ҷароими сойберӣ ва ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. https://tajikpress.com/2024/05/12/%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be/
tajikpress
Созишномаи Тоҷикистону Амрико дар бораи пайгирии ҳаракати террористон
Тоҷикистон ва Амрико як ёддошти ҳамкорӣ дар заминаи роҳандозии низоми муқоиса ва арзёбии додаҳо ба манзури пайгирии ҳаракат ва ёфтани террористон имзо карданд.
Ба гузориши ТоҷикПресс, ин ёддошт миёни Юсуф Раҳмон, додситони кулли Тоҷикистон ва Мануэл Микаллер, сафири Амрико дар кишвар имзо шудааст.
Сомонаи Прокуратураи генералии кишвар навишт; Ин системаи назоратӣ имкон медиҳад, ки ҳаракати террористон бо истифода аз назорати васеи технологӣ пайгирӣ карда, инчунин дар боздошти онҳо мусоидат намояд.
Дар ин нишаст мавзӯъҳои марбут ба табодули иттилоот аз ҷумла таҳдидот алайҳи амнияти ду кишвар, ҳифозат аз ҳуқуқ ва манофеи шаҳрвандон, пешгирӣ ва мубориза бо мазоҳири ифротгароии хушунатомез ва терроризм, ҷароими сойберӣ ва ҷароими созмонёфтаи фаромиллӣ низ мавриди баҳсу баррасӣ қарор гирифт. https://tajikpress.com/2024/05/12/%d1%81%d0%be%d0%b7%d0%b8%d1%88%d0%bd%d0%be%d0%bc%d0%b0%d0%b8-%d1%82%d0%be%d2%b7%d0%b8%d0%ba%d0%b8%d1%81%d1%82%d0%be%d0%bd%d1%83-%d0%b0%d0%bc%d1%80%d0%b8%d0%ba%d0%be-%d0%b4%d0%b0%d1%80-%d0%b1%d0%be/