ТАДЖ.

МУЗЫКА. Нигина Амонкулова - Мухаббат "Любовь" (текст песни)
#БойкотOhangMusiqiTJ

  • Нигина Амонкулова - Мухаббат "Любовь"
Видеоклип

Комментарии

  • 26 фев 2016 04:23
    Он кабутарам, ки ғам шикаста болу пар маро,
    Дар машомам накҳати гулҳои рӯи барг.
    Мерезад ба рӯи ман, хазони зарди бевафоӣҳо,
    Мевазад ба сӯи ман, насими сарди ноошноӣҳо.

    Ҳей муҳаббати мурда аз ҷафо, бубахш,
    ки мо ба кадри ту охир нарасидем,
    Ҳей суруди нотамоми зиндагӣ,
    чи шуд, ки мо навои ту дигар нашунидем.

    Зи худ бехуд шудам, ёди ту кардам,
    Ба худ боз омадам, ёди ту кардам.

    Ба хокистони дунё ҳарчи хокест,
    Ҳама бар сар задам, ёди ту кардам.
    [2x]

    Аз ин фарзонагӣ, девонагӣ беҳ,
    Аз ин ҳамбастагӣ, бегонагӣ беҳ
    Даруни хонае аз ҳам ҷудоем,

    Аз ин ҳамхонагӣ, бехонагӣ беҳ
    Даруни хонае аз ҳам ҷудоем,
    Аз ин ҳамхонагӣ, бехонагӣ беҳ!

    Ҳей муҳаббати мурда аз чафо, бубахш,
    ки мо ба кадри ту охир нарасидем,
    Ҳей суруди нотамоми зиндагӣ, чи шуд,
    ки мо навои ту дигар нашунидем.
    [2x]
  • 29 мар 2016 15:10
  • 8 апр 2016 13:29