ПО ВАШЕЙ ПРОСЬБЕ.

ТАДЖ.МУЗЫКА.Фараҳманд Каримов - Дарди Ҷонкоҳ "Душевные Муки" ( Шаби Арӯсӣ) Текст Песни
Слова: Саид Ризо
+++++++++++++++++++++
Имшаб шаби арӯсӣи ҷононаи ман аст,
Марги муҳаббату дил девонаи ман аст.
Эй шаҳри ишқ чун дили ман гаштаи хароб,
Мавои ту ба синаи вайронаи ман аст.
Имрӯз ҳар нафас ки занам сар ба ҳар даре,
Дар гуфтугӯи қиссаву афсонаи ман аст.
Базми арӯсӣи ту садо медиҳад баланд,
Бо нолаи хамӯш ки дар хонаи ман аст.
Имшаб нишот бо хоҳам гирифта ба зор,
Шодӣ бимурд дар дилам аз ман шуди ҷудо.
Бар зинда буданам пас аз ин бовари куҷост,
Аз дарди ҷонгудози ту ҷонони бевафо.
Хоҳам ки шод бошаму гӯям муборакат,
Шодӣ куҷо, ки тӯйи ту ғамхонаи ман аст.
Аммо зи рӯи одати тифлонаам ҳанӯз,
Рӯй медиҳам ба меҳр ки паймонаи ман аст.
~~~ припев | chorus ~~~~
Шодон бимон ай ишқи нокоми ман,
хоки саранҷоми ман, умеди ман,
Ман зиндаам бо дарди дерини ту,
бо ёди ширини ту, азизи ман.
~~~~~~~~~~~~~~~~
Заҳме, ки дар вуҷуди ман бошад зи дасти ту,
Бо ҷони ғам расидааст аз чашми масти ту.
Гулбоғи боварам шуда пажмурда нозанин,
Шоҳи гули муҳаббати моро шикасти ту.
Бо ин ҳама муҳаббатам рафти ту беасос,
Дар пайкарам ниҳода ғаму дарди беқиёс.
Гуфтам ки меравию фаромӯш мешави,
Шоми арӯсӣят шаби маргам шуду халос.
Имшаб тамоми зиндагӣ баргашта пахш шуд,
Аз рӯзу шаб гузаштанам сахти сар шуд.
Имшаб насиби дигари монанди ахтаре,
Аз ҳасратат замину замон лахт- лахт шуд.
Рӯҳат сафед рӯзи маро кардаи сиёҳ,
Меҳри ман аз қазову қадамгорат дар нигоҳ.
Рӯзе агар ба пурсиши ман омади бубин,
Дар хоки ман ғами ту дамидааст чун гиёҳ.
~~~ припев | chorus ~~~~

  • ФАРАХМАНД КАРИМОВ - Дарди Чонкох "ДУШЕВНЫЕ МУКИ"
Фарахманд Каримов - Дарди Чонкох | Farahmand Karimov Dardi jonkoh 2018
за уточнение текста благодарность - Umedjon Dadajonov (https://ok.ru/profile/560246476655) а так же исполнителю песни конечно https://ok.ru/profile/569022348894 #ФарахмандКаримов #тадж #ТекстПесни

Комментарии