ТАДЖ.

ПОЭЗИЯ И МУЗЫКА. Песня на стихотворение поэта ОЗАРАХШ.
Голибчон Юсупов - БЕ ТУ "Без Тебя" (текст песни)
Чароғи қофила хомӯш мешавад бе ту
Тамоми шаҳр сияҳпӯш мешавад бе ту
[2x]
Таронаҳои маро бод мебарад бо худ [2x]
Суруди меҳр фаромӯш мешавад бе ту [2x]
Маро зи хандаи нӯшини худ ҷудо карди
Чӣ гуна нӯши ҷаҳон нӯш мешавад бе ту?
[2x]
Диле, ки ғарқи ҷудогӣ надида буд
Ба хоки кӯча ҳамоғӯш мешавад бе ту [2x]
повтор | repeat
=== за уточнение текста благодарность Shanka Dreamgirl ( https://www.youtube.com/channel/UCIQcU11TPhntcXwoa_Yb8Kg ) ===

  • Голибчон Юсупов - Бе ту "БЕЗ ТЕБЯ"
Текст стихотворения Озарахш:
Чароғи қофила хомӯш мешавад бе ту
Тамоми шаҳр сияҳпӯш мешавад бе ту
Таронаҳои маро бод мебарад бо худ
Суруди ишқ фаромӯш мешавад бе ту
Маро зи хандаи нӯшини худ ҷудо манамо
Чӣ гуна неши ҷаҳон нӯш мешавад бе ту?
Диле, ки гармии оғӯш сарпаноҳаш буд
Ба хоки сард ҳамоғӯш мешавад бе ту
Ба ҳукми як назарам ҷой деҳ ба чашмонат,
Ки Озарахш Сиёвуш мешавад бе ту.
#ГолибчонЮсупов #ТекстПесни #Поэзия #Озарахш

Комментарии

Комментариев нет.