Муаллиф: Эшони Маҳмудҷон-------------------------------------------------------------Савол: Ассалому алайкум варахматуллох бобои эшони Махмудчон худо шуморо хифз кунад чун шумо чандин мархилахоро паси сар кардаед ва тахдиду тухмату зулмхамро дидаед валлохи моро дар баробари инкадар истодагарии шумо хасад мебарем, ки кош мохам хамин гуна бошем. Як масоили мухим бар мо рупару шудааст. ки мо дар баробари ин суханони тавхиномез ва хато баъзан ашхосе пайдо шудаанд, ки мегуяд баыд аз сари паёмбар рафтан хамма кофир шуданд нисбати хазрати Оиша модарамон суханони тавхиномез мезананд мо аз онхо худамонро дур мекунем мехохем нашунавем лек онхо дар байни чавонони нофахм мезанан аксарияти онхо онкарад нисбати ахли суннат мутахассиб шудаанд, ки тамоми суханхоро нисбати ахли суннат меган оё мо дар баробари инхо хомуш истем назди худо чавобгар хастем хоиш дорам бисёр зарур аст чавобашСаволкунанда: АлиҶавоб: Ва алейкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ! Шумо дар баробари чунин ёвагуҳои мазҳабфуруш набояд хомуш биистед. Балки аз ирзу номуси асҳоби Расули акрам алайҳиссалом, ба вижа ҳазрати Оиша (разияллоҳу ъанҳо) – модари муъминон, ки номуси Расули Худо алайҳиссалом ва ҷамиъи уммати Ислом аст, бояд дифоъ бикунед! Паёмбари акрам алайҳиссалом мефармояд: Ҳар, ки мусулмонеро (чи ҷои ёрон ва ҳамсари маҳбуби Расули акрамро) аз захми забони (мисли буҳтону дашноми) мунофиқе ҳимоят кунад, Аллоҳ рузи қиёмат фариштаеро амр мекунад, то уро аз оташи ҷаҳаннам ҳимоят бикунад... (ривояти Абудовуд)Бинобарин шумо бо хунсардӣ, бидуни хушунату ҷанг бо истидлолҳои нақлию ақлӣ посухи дандоншикан ба эшон бидиҳед. Азбаски ин тоифа далелҳои нақлии ривоятии аҳли суннатро қабул надоранд, бинобар ин, шумо барои исботи бутлони ҳарфҳои эшон танҳо ду ояти Қуръониро аз сураҳои Тавба ва Фатҳ ба самъи эшон арза намоемд:1. Аллоҳ аз пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба неки аз эшон пайрави кардаанд хушнуду рози буда, ва онҳо низ аз (раҳмати) Аллоҳ хушнуду рози хоҳанд буд. Аллоҳ боғҳое аз биҳишт барои онҳо фароҳам сохта, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорист. Эшон ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва (албатта) ин пирузии бузургест барои эшон. (Тавба, оят: 100)Пиромуни ояти муборака ду суол аз ин тоифаи такфирӣ бикунед:а) Манзур аз пешгомони нахустин аз муҳоҷиру ансор кист? Магар Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р), Талҳа (р), Зубайр (р), Саъд ибни Абиваққос (р) ва Абдурраҳмон ибни Авф (р) дар гуруҳи пешгомони нахсутин аз муҳоҷирин шомил нестанд? Агар эшон нестанд, пас чи касоне ҳастанд?б) Агар саҳобагони номбурда, ки аз пешгомони муҳоҷир ҳастанд кофир бошанд, пас эълони ризояте, ки Худованд аз эшон кардааст, магар хабари пучу дуруғе намешавад? (ба Худо паноҳ!) Чи магар Худованд ба илми қадими худ намедонист, ки эшон дар оянда кофир мешаванд? Албатта Аллоҳ поку муназзаҳ аз ахбори дуруғ додану сухани ғайри воқеъӣ гуфтан аст. Балки ҳамонгуна, ки хабари Худованд дар сураи <<Масад>> дар дузахи будани Абулаҳаб ва ҳамсари у содиқу рост омад, бешак ин хабари ризояти Худованд аз пешгомони муҳоҷир, низ рост ва воқеъӣ мебошад. Зеро ҳар касе, ки Худованд аз у эълони ризоят бикунад ғайри мумкин аст, ки у бар қуфр бимирад. Яқинан ин ризояти Аллоҳ дар ҳаққи касонест, ки бо илми қадими хеш медонист, ки эшон мусулмон хоҳанд мурд.2. Худованд аз муъминоне, ки туро дар зери дарахт (-и ризвон) байъат кардаанд хушнуду рози шуд. Аллоҳ он чиро дар даруни дилҳои эшон (аз садоқату имон, ва вафодори ба аҳду паймон) нуҳуфтааст (хуб) медонист. Аз ин ҷиҳат сакинау оромиш бар дилҳои онҳо нозил кард, ва пирузии наздике ба эшон насибу рузи гардонид. (Сура Фатҳ, оят: 18)Чуноне, ки мебинем дар ин ояти муборака низ, Аллоҳ аз муъминоне, ки дар зери дарахти Ризвон, дар Ҳудайбия бо Паёмбари Худо байъат кардаанд, эълони ризоят кардааст. Ва албатта бо шаҳодати муаррихони исломӣ – аам аз суннию шиъӣ – Абубакру Умар... ва дигар саҳобагони номбурда аз ҷумлаи муъминони байъаткунанда дар зери он дарахт буданд. Пас он ду суоли гузашта ин ҷо низ матраҳ мешавад, метавонед шумо ҷавоби онро аз он тоифаи такфирӣ бипурсед.Агар эшон бо ин ду далели нақлии Қуръони қонеъ нашуданд, пас шумо Алиҷон метавонед бо чанд далели ақлӣ, ки гирифташуда аз воқеъияти таърих аст, муҳр бар даҳони даридаи эшон бизанед.Ба онҳо бигуед: Агар бинобар гуфтаи ботили шумо, баъд аз вафоти Расули Худо ҳама асҳоби эшон, ба ҷуз чанд нафар кофир гашта бошанд, пас чаро ҳазрати Али (р), ки аз назари шумо маъсуми аз хато ва гуноҳ аст бо он кофирони муртад (наузу биллоҳ) зиндагӣ ва муомила кард? Чаро ба ҳазрати Абубакру Умар (р) ва ҳазрати Усмон (р), ки аз назари шумо саркардагони он қавми кофир ҳастанд, байъат ва итоат кард? Чаро Умми Кулсум духтари Фотима (р)-ро ба ақди никоҳи Умар (р), ки эшон аз нигоҳи муғризонаи шумо яке аз сарварони асҳоби кофиргашта аст, даровард? Ва ё чаро номи Абубакру Умару Усмон (р)-ро бар фарзандони азизи худ гузоштааст? Магар бо кофирон байъат кардан, ва аз эшон итоату фармон бурдан ва бо онҳо қаробату хеши кардан ва исми кофиронро бар фарзандони худ гузоштан барои мусулмони оддӣ – чи расад барои Имоми маъсум – ҷоиз аст? Агар – забонам лол – Абубакру Умар (р) дар ҳақиқат кофир мебуданд, пас чаро ҳазрати Алӣ (р) вақте, ки халифа ва амирул-муъминин шуданд ва Мадинаи мунаввара комилан дар қабзаи қудрати эшон даромад, ҷасади Абубакру Умар-и кофирро аз канори қабри Паёмбари Худо алайҳиссалом, берун кашида ҷои дигар дафн накарданд? Ва ё, магар эшон рози шуданд, ки ҷасади (наузу биллоҳ) нопоки он ду марди кофир дар ҳуҷраи Расули Худо алайҳиссалом ва дар чивори Он Ҳазрат то субҳи қиёмат боқӣ бимонад? Магар шумо рози ҳастед, ки дар паҳлуи қабри волидайнатон кофиреро дафн кунанд? Уфф бар шумо ва бар ақлу хирад ва инсофи шумо!Ва агар бинобар даъвои дуруғи шумо асҳоби Расули Худо алайҳиссалом пас аз вафоти эшон кофир гашта бошанд, пас чаро онҳо дини аҷдодӣ ва бутпарастии худро гузошта, дини ислом ва оини яктопарастӣ, ва Қуръони Муҳаммадиро дар гушау канори олам нашр карданд? Ва дар роҳи он ҷону моли худро нисор карданд? Магар шумо ва ниёкони шумо дини мубини исломро аз тариқи эшон ва футуҳоти эшон қабул накардаед? Агар қарор аст, ки эшон кофир бошанд, пас шумо ҳам кофир ҳастед. Зеро дину оини кофиронро қабул кардаед.Дар робита ба тавҳини ҳазрати Оиша (р) бубинед, ки он ёвагуҳо дар чи масъалае ба эшон тавҳину таҳқир мекунанд. Агар Худо накарда дар масъалаи иффат ва покдоманӣ ба эшон тавҳин мекарда бошанд, яъне: –наузу биллоҳ Ҳазрати Оиша (р)-ро фоҳиша, зония ва ё хиёнаткор мегуфта бошанд, пас онҳо дар ин сурат ҳарфи Худо ва ҳукми Қуръонро инкор ва такзиб доранд. Зеро Аллоҳ дар Қуръони азимушшаън дар оятҳои 11 то 24 сураи Нур иффат ва покдомании ҳазрати Оиша (р)-ро аз ин туҳмати мунофиқҳо эълон кардааст. Вале маал-асаф баъд аз ин табриаи Қуръонӣ дубора мунофиқҳои асри 21 гуё доранд ба Худо мегуянд: На! Худоё, ту дуруғ мегуӣ! Зеро Оиша покдоман набуда, балки фоҳиша ва хиёнаткор аст, ки дар номуси Паёмбар хиёнат карда аст (ба Худо паноҳ!). Агар воқеъан ҳарфи онҳо ин бошад, пас вою сад вой бар эшон, ки муртадду кофир ва хориҷ аз доираи ислом ҳастанд.Аммо агар тавҳини онҳо нисбати ҳазрати Оиша (р) дар масоили дигар бошад, пас дар ҷавоби эшон бигуед: Магар Аллоҳ (ҷ) дар ояти 6 сураи Аҳзоб нагуфтааст: <<Ва азвоҷуҳу уммаҳотуҳум>> яъне: <<Ҳамсарони Паёмбар модарони муъминон ҳастанд>>. Ва ҳангоме, ки ин ояти муборака нозил шуд, магар Оиша (р) дар никоҳи Паёмбари Худо ва ҳамсари эшон набуд? Оре, буд. Зеро дар муқобили ин оят, ояти сариҳи дигаре нозил нашудааст, ки Оиша (р)-ро аз шумори ҳамсарони Расули акрам алайҳиссалом хориҷ карда бошад. Ва аз ҷониби Расули Худо алайҳиссалом нисбати ҳазрати Оиша (р) талоқе ҳам иттифоқ наафтодааст. Балки ҳазрати Оиша (р) то охирин лаҳзаҳои ҳаёти Паёмбари акрам алайҳиссалом маҳбубтарин ҳамсари эшон буд.Далелаш аз таърих ин аст, ки Расули Худо алайҳиссалом дар ҳуҷраи Оиша (р) ва дар навбати Оиша ва дар оғуши Оиша (р) ҷон ба ҷонофарин таслим намуданд.Хулосаи калом: Аллоҳ ҳазрати Оишаро барои ҳар нафаре, ки худро муъмину мусулмон мегуяд, модар хондааст, ки ҳаққи эҳтироми чунин модари динӣ ва маънавӣ ба маротиб болотар аз ҳаққи эҳтироми модари насабӣ аст. Ҳамонгуна, ки ухуввати динӣ болотар аз ухуввати насабӣ аст, пас шумо ай мазҳабфурушҳо! Фарзанди нохалаф ва оқи модар нашавед!. Худо нигаҳбони шумо бошад.
Висол ҲАҚ ТВ
Сухаони оли ва шоиста дар мавриди шиъаҳо (Ҳукми такфири саҳоба ва туҳмат ба Оишаи сиддиқа)
Муаллиф: Эшони Маҳмудҷон
-------------------------------------------------------------
Савол: Ассалому алайкум варахматуллох бобои эшони Махмудчон худо шуморо хифз кунад чун шумо чандин мархилахоро паси сар кардаед ва тахдиду тухмату зулмхамро дидаед валлохи моро дар баробари инкадар истодагарии шумо хасад мебарем, ки кош мохам хамин гуна бошем. Як масоили мухим бар мо рупару шудааст. ки мо дар баробари ин суханони тавхиномез ва хато баъзан ашхосе пайдо шудаанд, ки мегуяд баыд аз сари паёмбар рафтан хамма кофир шуданд нисбати хазрати Оиша модарамон суханони тавхиномез мезананд мо аз онхо худамонро дур мекунем мехохем нашунавем лек онхо дар байни чавонони нофахм мезанан аксарияти онхо онкарад нисбати ахли суннат мутахассиб шудаанд, ки тамоми суханхоро нисбати ахли суннат меган оё мо дар баробари инхо хомуш истем назди худо чавобгар хастем хоиш дорам бисёр зарур аст чавобаш
Саволкунанда: АлиҶавоб: Ва алейкумуссалом ва раҳматуллоҳ. Бародари исломӣ! Шумо дар баробари чунин ёвагуҳои мазҳабфуруш набояд хомуш биистед. Балки аз ирзу номуси асҳоби Расули акрам алайҳиссалом, ба вижа ҳазрати Оиша (разияллоҳу ъанҳо) – модари муъминон, ки номуси Расули Худо алайҳиссалом ва ҷамиъи уммати Ислом аст, бояд дифоъ бикунед! Паёмбари акрам алайҳиссалом мефармояд: Ҳар, ки мусулмонеро (чи ҷои ёрон ва ҳамсари маҳбуби Расули акрамро) аз захми забони (мисли буҳтону дашноми) мунофиқе ҳимоят кунад, Аллоҳ рузи қиёмат фариштаеро амр мекунад, то уро аз оташи ҷаҳаннам ҳимоят бикунад... (ривояти Абудовуд)Бинобарин шумо бо хунсардӣ, бидуни хушунату ҷанг бо истидлолҳои нақлию ақлӣ посухи дандоншикан ба эшон бидиҳед. Азбаски ин тоифа далелҳои нақлии ривоятии аҳли суннатро қабул надоранд, бинобар ин, шумо барои исботи бутлони ҳарфҳои эшон танҳо ду ояти Қуръониро аз сураҳои Тавба ва Фатҳ ба самъи эшон арза намоемд:1. Аллоҳ аз пешгомони нахустин аз муҳоҷирону ансор ва касоне, ки ба неки аз эшон пайрави кардаанд хушнуду рози буда, ва онҳо низ аз (раҳмати) Аллоҳ хушнуду рози хоҳанд буд. Аллоҳ боғҳое аз биҳишт барои онҳо фароҳам сохта, ки наҳрҳо аз зери дарахтонаш ҷорист. Эшон ҷовидона дар он хоҳанд монд. Ва (албатта) ин пирузии бузургест барои эшон. (Тавба, оят: 100)Пиромуни ояти муборака ду суол аз ин тоифаи такфирӣ бикунед:
а) Манзур аз пешгомони нахустин аз муҳоҷиру ансор кист? Магар Абубакр (р), Умар (р), Усмон (р), Талҳа (р), Зубайр (р), Саъд ибни Абиваққос (р) ва Абдурраҳмон ибни Авф (р) дар гуруҳи пешгомони нахсутин аз муҳоҷирин шомил нестанд? Агар эшон нестанд, пас чи касоне ҳастанд?
б) Агар саҳобагони номбурда, ки аз пешгомони муҳоҷир ҳастанд кофир бошанд, пас эълони ризояте, ки Худованд аз эшон кардааст, магар хабари пучу дуруғе намешавад? (ба Худо паноҳ!) Чи магар Худованд ба илми қадими худ намедонист, ки эшон дар оянда кофир мешаванд? Албатта Аллоҳ поку муназзаҳ аз ахбори дуруғ додану сухани ғайри воқеъӣ гуфтан аст. Балки ҳамонгуна, ки хабари Худованд дар сураи <<Масад>> дар дузахи будани Абулаҳаб ва ҳамсари у содиқу рост омад, бешак ин хабари ризояти Худованд аз пешгомони муҳоҷир, низ рост ва воқеъӣ мебошад. Зеро ҳар касе, ки Худованд аз у эълони ризоят бикунад ғайри мумкин аст, ки у бар қуфр бимирад. Яқинан ин ризояти Аллоҳ дар ҳаққи касонест, ки бо илми қадими хеш медонист, ки эшон мусулмон хоҳанд мурд.2. Худованд аз муъминоне, ки туро дар зери дарахт (-и ризвон) байъат кардаанд хушнуду рози шуд. Аллоҳ он чиро дар даруни дилҳои эшон (аз садоқату имон, ва вафодори ба аҳду паймон) нуҳуфтааст (хуб) медонист. Аз ин ҷиҳат сакинау оромиш бар дилҳои онҳо нозил кард, ва пирузии наздике ба эшон насибу рузи гардонид. (Сура Фатҳ, оят: 18)Чуноне, ки мебинем дар ин ояти муборака низ, Аллоҳ аз муъминоне, ки дар зери дарахти Ризвон, дар Ҳудайбия бо Паёмбари Худо байъат кардаанд, эълони ризоят кардааст. Ва албатта бо шаҳодати муаррихони исломӣ – аам аз суннию шиъӣ – Абубакру Умар... ва дигар саҳобагони номбурда аз ҷумлаи муъминони байъаткунанда дар зери он дарахт буданд. Пас он ду суоли гузашта ин ҷо низ матраҳ мешавад, метавонед шумо ҷавоби онро аз он тоифаи такфирӣ бипурсед.Агар эшон бо ин ду далели нақлии Қуръони қонеъ нашуданд, пас шумо Алиҷон метавонед бо чанд далели ақлӣ, ки гирифташуда аз воқеъияти таърих аст, муҳр бар даҳони даридаи эшон бизанед.
Ба онҳо бигуед: Агар бинобар гуфтаи ботили шумо, баъд аз вафоти Расули Худо ҳама асҳоби эшон, ба ҷуз чанд нафар кофир гашта бошанд, пас чаро ҳазрати Али (р), ки аз назари шумо маъсуми аз хато ва гуноҳ аст бо он кофирони муртад (наузу биллоҳ) зиндагӣ ва муомила кард? Чаро ба ҳазрати Абубакру Умар (р) ва ҳазрати Усмон (р), ки аз назари шумо саркардагони он қавми кофир ҳастанд, байъат ва итоат кард? Чаро Умми Кулсум духтари Фотима (р)-ро ба ақди никоҳи Умар (р), ки эшон аз нигоҳи муғризонаи шумо яке аз сарварони асҳоби кофиргашта аст, даровард? Ва ё чаро номи Абубакру Умару Усмон (р)-ро бар фарзандони азизи худ гузоштааст? Магар бо кофирон байъат кардан, ва аз эшон итоату фармон бурдан ва бо онҳо қаробату хеши кардан ва исми кофиронро бар фарзандони худ гузоштан барои мусулмони оддӣ – чи расад барои Имоми маъсум – ҷоиз аст? Агар – забонам лол – Абубакру Умар (р) дар ҳақиқат кофир мебуданд, пас чаро ҳазрати Алӣ (р) вақте, ки халифа ва амирул-муъминин шуданд ва Мадинаи мунаввара комилан дар қабзаи қудрати эшон даромад, ҷасади Абубакру Умар-и кофирро аз канори қабри Паёмбари Худо алайҳиссалом, берун кашида ҷои дигар дафн накарданд? Ва ё, магар эшон рози шуданд, ки ҷасади (наузу биллоҳ) нопоки он ду марди кофир дар ҳуҷраи Расули Худо алайҳиссалом ва дар чивори Он Ҳазрат то субҳи қиёмат боқӣ бимонад? Магар шумо рози ҳастед, ки дар паҳлуи қабри волидайнатон кофиреро дафн кунанд? Уфф бар шумо ва бар ақлу хирад ва инсофи шумо!Ва агар бинобар даъвои дуруғи шумо асҳоби Расули Худо алайҳиссалом пас аз вафоти эшон кофир гашта бошанд, пас чаро онҳо дини аҷдодӣ ва бутпарастии худро гузошта, дини ислом ва оини яктопарастӣ, ва Қуръони Муҳаммадиро дар гушау канори олам нашр карданд? Ва дар роҳи он ҷону моли худро нисор карданд? Магар шумо ва ниёкони шумо дини мубини исломро аз тариқи эшон ва футуҳоти эшон қабул накардаед? Агар қарор аст, ки эшон кофир бошанд, пас шумо ҳам кофир ҳастед. Зеро дину оини кофиронро қабул кардаед.Дар робита ба тавҳини ҳазрати Оиша (р) бубинед, ки он ёвагуҳо дар чи масъалае ба эшон тавҳину таҳқир мекунанд. Агар Худо накарда дар масъалаи иффат ва покдоманӣ ба эшон тавҳин мекарда бошанд, яъне: –наузу биллоҳ Ҳазрати Оиша (р)-ро фоҳиша, зония ва ё хиёнаткор мегуфта бошанд, пас онҳо дар ин сурат ҳарфи Худо ва ҳукми Қуръонро инкор ва такзиб доранд. Зеро Аллоҳ дар Қуръони азимушшаън дар оятҳои 11 то 24 сураи Нур иффат ва покдомании ҳазрати Оиша (р)-ро аз ин туҳмати мунофиқҳо эълон кардааст. Вале маал-асаф баъд аз ин табриаи Қуръонӣ дубора мунофиқҳои асри 21 гуё доранд ба Худо мегуянд: На! Худоё, ту дуруғ мегуӣ! Зеро Оиша покдоман набуда, балки фоҳиша ва хиёнаткор аст, ки дар номуси Паёмбар хиёнат карда аст (ба Худо паноҳ!). Агар воқеъан ҳарфи онҳо ин бошад, пас вою сад вой бар эшон, ки муртадду кофир ва хориҷ аз доираи ислом ҳастанд.Аммо агар тавҳини онҳо нисбати ҳазрати Оиша (р) дар масоили дигар бошад, пас дар ҷавоби эшон бигуед: Магар Аллоҳ (ҷ) дар ояти 6 сураи Аҳзоб нагуфтааст: <<Ва азвоҷуҳу уммаҳотуҳум>> яъне: <<Ҳамсарони Паёмбар модарони муъминон ҳастанд>>. Ва ҳангоме, ки ин ояти муборака нозил шуд, магар Оиша (р) дар никоҳи Паёмбари Худо ва ҳамсари эшон набуд? Оре, буд. Зеро дар муқобили ин оят, ояти сариҳи дигаре нозил нашудааст, ки Оиша (р)-ро аз шумори ҳамсарони Расули акрам алайҳиссалом хориҷ карда бошад. Ва аз ҷониби Расули Худо алайҳиссалом нисбати ҳазрати Оиша (р) талоқе ҳам иттифоқ наафтодааст. Балки ҳазрати Оиша (р) то охирин лаҳзаҳои ҳаёти Паёмбари акрам алайҳиссалом маҳбубтарин ҳамсари эшон буд.
Далелаш аз таърих ин аст, ки Расули Худо алайҳиссалом дар ҳуҷраи Оиша (р) ва дар навбати Оиша ва дар оғуши Оиша (р) ҷон ба ҷонофарин таслим намуданд.Хулосаи калом: Аллоҳ ҳазрати Оишаро барои ҳар нафаре, ки худро муъмину мусулмон мегуяд, модар хондааст, ки ҳаққи эҳтироми чунин модари динӣ ва маънавӣ ба маротиб болотар аз ҳаққи эҳтироми модари насабӣ аст. Ҳамонгуна, ки ухуввати динӣ болотар аз ухуввати насабӣ аст, пас шумо ай мазҳабфурушҳо! Фарзанди нохалаф ва оқи модар нашавед!. Худо нигаҳбони шумо бошад.