ШИКОЯТ

Пас аз бо дигаре ҳамхона гаштан
Нагуфтӣ ошиқи зорам куҷо шуд,
Пас аз ғамҳои дигарро кашидан
Нагуфтӣ ёри ғамхорам куҷо шуд.
Нагуфтӣ он ҷавони содақалбе
Замоне буд ёри меҳрубонам.
Бароям гуфта будӣ: “Кўр гардам,
Агар, ки қадри ишқатро надонам”
Ба ту дорам шикоят, эй ситамгар,
Ку он меҳру вафоят, эй ситамгар?
Чаро бар ошиқи дилсӯзу мушфиқ
Раво дидӣ ҷафоят, эй ситамгар?
Агарчи гуфтӣ: “Бе ту кўр гардам”,
Намехоҳам, валекин кўриятро.
Агарчи аз ту дил ранҷида бошад,
Надорам тоқати раҳдуриятро.
Нашуд гарчи насиби ман канорат,
Нигоҳи оташину пуршарорат.
Нахоҳам бахти зоеъи туро ман,
Ҳамеша тинҷ бодо рўзгорат.
Ҳамин буда зи ишқи ту насибам,
Шудам бемор, аммо бетабибам.
Надорӣ ту, вале афсӯс, афсӯс,
Тараҳҳум бар чунин ҳоли ғарибам.
Дилам пазмони дидори ту бошад,
Муҳаббат ҳам мададгори ту бошад.
Агар дар зиндагӣ ёрам набудӣ,
Худои меҳрубон ёри ту бошад.
Хушиҳо гар насиби ман нагардад,
Бароям ҳар ҷафои ту кифоя.
Ҳама шодӣ насибат, лек бар ман
Ғами беинтиҳои ту кифоя....****

  • METARSAM - METARSAM.mp3

Комментарии