Хайр, эй номеҳрубон, роҳат сафед! Эй балои чисму чон, роҳат сафед! Монда зору хаставу танҳо маро, Бо дигар ҳасти равон, роҳат сафед! Будиям бо ман замоне лаб ба лаб, Мерави ту ин замон, роҳат сафед! Ту маро дилхаста карда мерави, Шод карда душманон, роҳат сафед! Гарчи аз ман мерави, эй бевафо, Бешуморан гулрухон, рохат сафед! Тири часта аз камон н-ояд дигар, Рафти чун тир аз камон, роҳат сафед! Дил намехоҳад дуои бад кунам, Хонда шеърамро бидон, роҳат сафед!