Эъчоз дар Курон ва суннат

Курон ва занбури асал
Эй номи ту бехтарин сарогоз Бе номи ту нома кай кунам боз Хар дам аз мо сад дуруду сад салом Бар Расулу олу асхобаш тамом.
Ассалому алейкум ва рахматуллохи ва баракотух бародарон ва хохарони исломи! Инчо ба фазли Худованд мепардозем ба идомаи сухбатхоямон дар бораи эъчози илми дар Курон ва суннат. Пеш аз хама бояд кайд кард ки Курони карим аз хар чихат як муъчизаи човидон мебошад,ки асло кухна шудан надорад.Вакте ки инсон бо тафакур ва тадабур дар оёти ин китоби шариф назар меафканад,ба ин хакикат комёб мешавад. Дар Курони азимушаън дар бисёр маврид парда аз руйи асрори хилкат бардошта шуда аст,ки башарият лар асрхои ахир ба он асрор даст ёфт. Ин парда бардории Курон аз руйи баъзе асрор замоне буда ки башарият аз дарку фахм ва тахкикоти илми очиз ва нотавон буд. Ин хам бошад бештар аз 14 аср пеш. Вале бо гузашти асрхо башарият дар натичаи тахкикот ва кашфиёт ба баъзе асрор пай бурд ки Курон аз онхо хабар дода буд. Ин хама гувохи он аст ки Курон аз чониби зоте нозил шуда аст ки У бегумон бар хамаи чиз огох ба Холики хакики аст. Албата Курон китоби илмии хос нест. Масалан китоби илми тиби ва ё хайвон шиносои ва чизи дигар нест. Балки ин китоб омада аст то башариятро ба саодати дунё ва охират хидоят ва рохнамои кунад.Вале дар баъзе маврид барои исботи хастии Холики бехамто ва исботи бузургии Аллох руйи инчунин масоили илми сухан гуфта аст. Муъчизаи илмие ки дар ин макола дар борааш сухан мегуем ин занбури асал мебошад. Худованд дар ояти 68-69 сураи мубораки Нахл (занбур) мефармояд :
وَأَوْحَىٰ رَبُّكَ إِلَى النَّحْلِ أَنِ اتَّخِذِي مِنَ الْجِبَالِ بُيُوتًا وَمِنَ الشَّجَرِ وَمِمَّا يَعْرِشُونَ - ثُمَّ كُلِي مِن كُلِّ الثَّمَرَاتِ فَاسْلُكِي سُبُلَ رَبِّكِ ذُلُلاً يَخْرُجُ مِن بُطُونِهَا شَرَابٌ مُّخْتَلِفٌ أَلْوَانُهُ فِيهِ شِفَاء لِلنَّاسِ إِنَّ فِي ذَلِكَ لآيَةً لِّقَوْمٍ يَتَفَكَّرُونَ Яъне 16 - NAHL) النحل / 68- Парвардигори ту ба занбӯри асал илҳом дод, ки аз кӯҳҳову дарахтон ва дар биноҳое, ки месозанд, хонаҳое интихоб кун. Сипас аз тамоми самарот бихур ва роххое ро ки парвардигорат ба ту таъмин карда аст бипаймо аз шиками онхо нушидание бо рангхои мухталиф хорич мешавад ки дар он шифост барои мардум.,дар ин амр нишонахои рушан аст барои кавме ки тафакур мекунанд) Дар инчо Курон дар баробари неъматхои гуногуни илохи ва дар заминаи пардабардорихо аз асрори офариниш,дар бораи занбури асал ва худи асал сухан мекунад,аммо дар шакли як маъмурияти илохи ва илхоми хоссае бо номи وحي(вахй). Маънои калимаи вахй чунон ки уламо гуфтаанд ба маънеи ишораи сареъ ва ё
илкои(расонидани) махфиёнаи сухан аст. Аммо дар Курон ин калима ба маънехои мухталиф ба кор бурда шуда аст ки хамааш ба маънои аслияш бармегарданд. Аз чумла вахй ба маънои илхом аст хох ба маънои худогох бошад (дар мавриди инсон) мисли ин ки: وَأَوْحَيْنَا إِلَى أُمِّ مُوسَى أَنْ أَرْضِعِيهِ فَإِذَا خِفْتِ عَلَيْهِ فَأَلْقِيهِ فِي الْيَمِّ Яъне (ба модари Мусо илхом кардем ки навзоди худро шир бидех ва хар гох ки аз дастёбии душман ба у тарсиди уро ба огуши мавчхои дарё бисупор) Сураи Касас ояти 7 Ва ин калима гохе ба маънои илхоми нохудогох яъне илхоми гаризи меояд ки мо инро дар ояти сураи Нахл дар барои занбури асал хондем. Пас ин чо маълум аст ки калимаи вахй ба маънои фармони гаризи истифода шуда аст. Пас суоле ба миён меояд ки гаризахо танхо дар занбури асал не балки дар хама хайвонхо вучуд дорад. Пас чаро инчо Худованд ин калимаро танхо дар мавриди занбури асал ба кор бурда аст? Вакте инсон дар зиндагии занбурони асал дакик мешавад посухи ин суол худ пайдо аст. Донишмандон мегуянд ки зиндагии ин навъи хашарот чунон ачоиб ва шигифтангез аст ки дар бисёр маврид аз тамадуни инсонхо ва зиндагии ичтимоии инсонхо пештар аст. Бинобар ин Худованд бо як тарзи муъчизаомез бо истифода аз калимаи вахй баён карда аст ки харгиз зиндагии занбури асалро намешавад ки бо дигар хашарот ва хайвонхои дигар мукоиса кард. Акнун инчо дар бораи мундаричаи муъчизахои илмии ин ояти сураи Нахл мепардозем. Албата чуноне гуфтем дар ин оят хам мисли дигар оятхое ки муъчизаи илмии Курон ба шумор мераванд на танхо як муъчиза балки чандин муъчизои илми нухуфта аст. Аз чумла: 1). Аввалин муъчизае ки дар ин оят хаст ин хабар додани Курон аз чинси зан(модина ) будани занбури асал аст. Кабл аз он ки донишмандон дар зиндагии занбури асал тачрибахои илми нагузаронида буданд,ва башарият хабар надошт ки занбури коргар ва асал эчод кунанда чинси занона аст,хама бар он бовар мекарданд ки занбурхои коргар мардона хастанд мисли инсон. Аммо донишмандон дар асри охир исбот карданд ки занбури коргар ва сардори хамаи занбурхо ин чинси модина аст,ки аз у ба номи Малика ном мебаранд. Вале Курони карим бештар аз 14 аср пеш руйи ин мавзуъ сухан гуфта ва ба чахониён хабар дода буд ки занбури коргар зан аст. Ба оят тавачух кунед! Албата касоне ки каме бо коидахои забони араби ошно бошанд зуд мефахманд,ки Худованд дар оят бо вожахои اتخذي ، كلي، فاسلكي барои сигаи муанас (занона) истифода мешавад,ба кор бурда аст. Субхоналлох! 2).Муъчизаи дигари илмии дар ин оят ин хона сохтани занбури асал дар куххо,дар танаи дарахтон ва хонахои махсусе аст ки барои онхо омода шуда аст. Донишмандон мегуянд ки занбури асал бештар вакт дуст дорад ки дар сангхои куххо ва ё дарахтон хона созад. Зеро ончо Донишмандон мегуянд ки занбури асал бештар вакт дуст дорад ки дар сангхои куххо ва ё дарахтон хона созад. Зеро ончо барои эчоди асал барояш мусоидтар аст. Ин аз ачоиботи зиндагии ин махлуки Аллох мебошад. Вале ба оят тавачух кунед ки Худованд ба мо аз ин амали занбур хам хабар дода аст. (Парвардигори ту ба занбури асал илхом кард ки аз кухову дарахтон ва бинохое ки месозанд барои худ хона бигир) 3).Муъчизаи дигари ин оят ин паймудани рохи махсус аст. Чуноне донишмандон коиланд ки занбур хои коргар танхо аз як масир (рох) харакат мекунанд. Яъне Малика ва ё занбури дигаре хаст ки вазифаи у пайдо кардани шахди гулхо аст. Хусусан вакте ки кутии занбури асалро аз чойе ба чойи дигар интикол диханд,аввал он занбури маъмур рафта шахди гулхоро пайдо мекунад ва ба истифода аз ракси махсус як рохеро барои дигар занбурхо таъин мекунад . Дигар занбурхо аз рохи таъин кардаи у ба истифода аз як хати муаян рафту омад мекунанд. Дуруст мисли як харита ва ё рохнамо(навигатор) истифода мебаранд. Яъне он занбур рох ро барои онхо осон мекунад. Ин матлаб низ дар оят хуб ва оли инъикос ёфта аст. (Сипас рохеро ки парвардигорат ба ту таъин карда аст ба осони бипаймо) Ё Аллох ! 4).Чизи дигаре ки аз ин оят гирфта мешавад ин хорич шудани асал аз шиками занбури асал аст. То замоне ки донишмандон як пажухиши илми дар бораи эчоди асал накарда буданд мо гумон доштем ки асал натичаи хамон шираи гулхо аст ки занбур бо дахонаш мегирад ва дар лонааш мерезад мебошад. Аммо илми имруз исбот кард ки занбур асалро аз шикамаш берун мекунад. Яъне онхо шахду шираи гулхоро мехуранд ва дар шикамашон як амалиёти дигар сурат мегирад ки уро танхо Худованд медонад ва дар натича ба асал мубадал мешавад.
Сипас он асал ро занбур аз шикамаш бо рохи дахон берун мерезад. Донишмандон мегуянд ки то замоне ки он ширахо дар шиками занбур хуб полиш (фильтр) нашавад ва тамоми микробхои зараровар ки дар таркиби он ширахо хаст нобуд ва поксози нашавад ,занбур он моеъ ро(асал) берун намекунад. Курон бо сарохат гуфта истода аст ки (Аз шиками онхо нушокие берун мешавад ки рангхояш дигаргун аст ,дар он шифо аст барои инсон) Тавачух кунед азизон ки дар шиками занбури асал як корхонаи дигаре вучуд дошта аст ки бо истифода аз маводи химияви он ширахои гулхоро полиш дода ба асал мубадал месозад. Чизи дигаре ки аклу хуши инсонро мебарад ин аст,ки ин сура ъне сураи Нахл аз сурахои макки (дар Макка нозил шуда) мебошад. Ва чуноне медонем дар асри нузули Курон дар Макка на гуле вучуд дошт ва на гиёхе. Аммо Худованд бо ин зарофат аз ин хакикат хабар дода аст. Хатто ранги асал аз ранги гулхое ки занбур барои тахияи асал аз онхо шира меорад факр мекунад. 5).Муъчизаи илмии дигари ин оят ин шифо будани асал аст. Чуноне имруз табибон мегуянд асал бо вучуди он ки ширин аст ва дар таркибаш канд вучуд дорад,боз хам ба беморон зараровар нест балки шифобахш аст. Аз ин чост ки табибон дар бисёр маврид барои табобат аз асал истифода мекунанд. Худованд гуфта аст: ( дар он шифо аст барои мардум) Албата асал бояд шифо бошад зеро ки он аз хама гуна нопокихо ва чизхои зараррасон мисли микробхо тоза ва полиш дада шуда аст. Ва хатто як нушидании аз назари экологи тоза мебошад. Зеро занбурхое махсусе хастанд ки барои тоза ва пок тахия шудани асал вазифадор мебошанд. Яъне мисли коргарони як вазорате хастанд ки сифат ва холати тозагии асалро назорат мекунанд. Ва онхо хатто дар ин самт занбурхоро хар руз аз ташхиси тибби мегузаронанд. Чуноне ки донишмандони хашарот шинос мегуянд занбурхои махсус дар даромадгохи онхо меистанд ва хамаи занбурхоро тафтиш мекунанд. Агар занбуре дар начосате ва ё поруе нишаста бошад уро ба хона даромадан намегузоранд. Ва хатто баъзе вакт онхоро мекушанд,ки он нопокиро ба хона бурда ба асал ки барои дигар махлук ба номи инсон тахия мекунанд омехта насозанд. Субхоналлох ! Бародарон ва хохарони гироми инчо намешавад дар як маколаи кутох аз хама шигифтихо ва ачоиботи ин хашароти пур кор ва хизматгори инсонхо гуфт. Ва ин хам бо аклу дониши андак ва махдуде ки мо дорем. Танхо чизе инчо гуфтани хастем ки пок аст он худое ки чунин низоми офариниш ро халк карда аст. Ва ин оятхо ва муъчизахо баёнгари он хастанд ки Курон китоби бархак ва ах чониби Холики доною тавоно мебошад.
Абру боду маху хушеду фалак дакоранд То ту ноне ба каф орию ба гафлат нахури Хама аз бахри ту саргаштаю фармонбардор Шарти инсоф набошад ки ту фармон набари (Саъди)
Хонаободу саодатманд бошед бародарон ва хохарони исломи!

Комментарии